Ссылки доступа

Садамаи қатора дар Қазоқистон 6 кушта бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи бархурди қатора бо мошини сабукрав дар деҳаи Қорасуи ноҳияи Меркии вилояти Ҷамбили Қазоқистон шаш кас ҷон бохтааст.

"Қатора бо мошини сабукрави навъи "Audi" бархурдааст. Дар ин садама шаш нафар ҷон бохт", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии ҳукумати Ҷамбил.

Ба иттилои пулис, дар натиҷаи садамаи мазкур ронанда ва мусофирони мошини сабукрав ҳалок шудаанд. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" парванда боз шудааст.

Хадамоти матбуотии шабакаи роҳҳои оҳани "Казахстан темир жолы" садама бо айби ронандаи мошини сабукрав рух додааст.

XS
SM
MD
LG