Ссылки доступа

Бахши қирғизии Озодӣ аз "Демирбонк" хост, сабабҳои басташавии суратҳисобашро шарҳ диҳад


Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек аз "Демирбонк" дархост кард, ки сабабҳои басташудани ҳисоби бонкии радиоро расман шарҳ диҳад.

Масъулони бахш дар номаи худ ба "Демирбонк" гуфтаанд, "тибқи талаботи қисми 1 моддаи 58 қонуни Қирғизистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" суратҳисоби бонкӣ танҳо бо қарори додгоҳ баста мешавад ва талаби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наметавонад дар ин замина асос шавад.

"Дар сурати вайрон шудани ин меъёр аз сӯи бонк, он бар асоси шартномаи басташуда ҷавобгар хоҳад буд. Ба ҷуз ин, дар ҳолати пардохт нашудани маоши кормандон дар вақти муайяншуда бонк бар асоси Кодекси меҳнати Қирғизистон вазифадор мешавад, ки зарари моддиро пардозад. Ҳамчунин агар корфармо муҳлати пардохти музди меҳнат, рухсатӣ ва пардохтҳои дигарро вайрон кунад, банди 157 Кодекси меҳнати Қирғизистон талаб мекунад, ки барои ҳар як рӯзи тақвимӣ 0,15 фоизи маблағи пардохтнашударо ба таври иловагӣ пардозад. Дар сурати беасос баста шудани суратҳисоби бонкӣ корфармо метавонад бонкро ба додгоҳ бикашад", - омадааст дар номаи бахш.

Намояндагони "Демирбонк" рӯзи 31-уми октябр тасдиқ карданд, ки бо дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон суратҳисоби бонкии Бахши қирғизии Радиои Озодиро бастаанд.

Ҳафтаи гузашта сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баста шуд.

Вазорати фарҳангу иттилоти Қирғизистон рӯзи 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номид. Ба бовари мақомот, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

XS
SM
MD
LG