Ссылки доступа

Қимати иҷораи манзилҳо дар Узбекистон дар моҳи октябр 16 дарсад боло рафтааст


Кумитаи омори Узбекистон хабар дод, ки арзиши манзилҳои иҷора дар он кишвар дар моҳи октябр ба ҳисоби миёна, нисбати ба моҳи сентябр, 16 дарсад боло рафтааст. Аз ҳама бештар дар шаҳри Тошканд (51 дарсад) ва аз ҳама камтар дар вилояти Хоразм (1 дарсад) афзудааст.

Дар маҷмуъ, дар Узбекистон аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун қимати иҷораи манзилҳо 20,9 дарсад гарон шудааст.

Дар Кумитаи омори Узбекистон гуфтанд, молу хидматрасонӣ дар бахши истеъмолӣ ба ҳисоби миёна 1,2 дарсад дар моҳи октябр боло рафтааст. Ба иттилои расмӣ, суръати солонаи шохиси болоравии қимати молу хидматрасонӣ 12,2 дарсадро ташкил медиҳад.

Пештар аз ин расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки фирори русиягиҳо аз сафарбарсозӣ қимати манзилҳои иҷораро дар шаҳрҳои Узбекистон боло бурдааст.

XS
SM
MD
LG