Ссылки доступа

Ҳамаи парвандаҳои ҷиноии вазири пешини тандурустии Қирғизистон пӯшида шудаанд


Алымкадыр Бейшеналиев
Алымкадыр Бейшеналиев

Ҳамаи ҳашт парвандаи ҷиноӣ нисбати вазири пешини ҳифзи тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев пӯшида шудаанд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Кайсин Абакиров хабар дод.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, тасмим дар бораи қатъи парвандаҳо нисбати вазири пешин ҳанӯз моҳи август гирифта шуда буд. Қатъи парвандаҳо дар пайи мавҷуд набудани таркиби ҷиноят сурат гирифтааст.

Ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ Додстини кулли Қирғизистон аз боздошти вазири ҳифзи тандурустӣ хабар дода буд. Вазир пешин дар фасодкорӣ гумонбар мешуд. Он замон дар додстонӣ гуфтанд, вазир ҳангоми хариди воксинҳои зидди коронавирус фасодкорӣ кардааст.

Дертар дар додситонӣ хабар доданд, ки нисбати вазир 7 парвандаи дигари ҷиноӣ боз шудааст. Вай дар сӯистифода аз мақом, порагирӣ, бастани шартномаҳои зиёновар ва ғайра гумонбар мешуд.

XS
SM
MD
LG