Ссылки доступа

Раҳоии 35 гумонбари дигар дар бетартибиҳои Қарақалпоқистон


Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон хабар дод, ки 35 гумонбари дигар дар бетартибиҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон дар асоси кафолати давлатӣ ба назди хонаводаҳои худ баргаштааст.

"Додситонии кулли Узбекистон 1 ноябри соли 2022 бо пешниҳод ва дархости Маҷлиси Қарақалпоқистон дар асоси кафолати давлатӣ 35 гумонбари дигарро ба назди хонаводаҳояшон баргардонд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Манбаъ афзудааст, шумори гумонбароне, ки бо ташаббуси комиссияи давлатӣ аз боздоштгоҳ ба назди хонаводаҳояшон баргаштаанд, ба 107 нафар расид.

Рӯзҳои 1-2 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG