Ссылки доступа

Донишҷӯёни узбекро аз шаҳрҳҳои ҳаммарз бо Украина бармегардонанд


Донишҷӯёни узбекистоние, ки дар донишгоҳи шаҳрҳои ҳаммарзи Русия бо Украина, аз ҷумла Курск, Брянск, Белгород, Воронеж, Ростов ва Краснодар таҳсил мекунанд, ба донишгоҳҳои ватани худ баргардонида мешаванд.

Маркази давлатии тестии Узбекистон хабар дод, ки ин иқдом дар асоси қарори комиссияи давлатӣ сурат мегирад. Қарори комиссия пешбинӣ мекунад, ки таҳсили донишҷӯён бар асоси аризаи онҳо дар донишгоҳҳои Узбекистон идома хоҳад кард.

Қаблан як гурӯҳи донишҷӯёни узбек, ки дар Донишгоҳи тиббии Курск таҳсил мекунанд, ба раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат карда, гуфтанд, ки аз шадидтар шудани низоъ миёни Русия ва Украина нигаронанд.

Дертар Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки дипломатҳои ин кишвар дар Русия муроҷиати донишҷӯёнро хоҳанд омӯхт.

XS
SM
MD
LG