Ссылки доступа

Дидор баъди 24 сол. Марди "гумшуда"-и тоҷик аз Русия ба назди модараш баргашт (видео)


Дар Тоҷикистон як модару писар пас аз 24 соли фироқ ба дидори ҳам расиданд.

Амриддин Гадоев соли 1998 ва дар 33-солагӣ ба Русия рафту “нопадид” шуд. Пас аз чанд сол ҳамсару ду фарзандаш хонаи волидони ӯро тарк карданд. Падару бародараш фавтиданд.

Модари 76-солааш дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин ҳама сол роҳи ӯро мепоид, ҳарчанд ба гуфтааш, солҳои охир дар хоб намедид.

Зулфия Гадоева, модари Амриддин Гадоев, рӯзи якуми ноябр гуфт, “вақте гуфтанд, ки ёфт шудааст, бовар накардам. Гиристам, гуфтам, дурӯғ аст. Ба назарам, имрӯз дилам омаду ба ҷояш даромад."

Амриддин Гадоев ҳоло 57-сола аст ва мегӯяд, солҳо дар деҳае дар Екатеринбург зистааст. Ӯ дар бораи солҳо бедарак шуданаш қиссаву далелҳои худро дорад.

Нақл кард, ки санадҳояшро гум кард ва то соли 2007 намояндагии Тоҷикистон дар ин гӯшаи Русия набуд, то мадад пурсад. Баъдан, хабаре аз муҳити баъди ҷанги дохилии Тоҷикистон ӯро ноумед кард.

“Як бачаи шинос гуфт, ки ҳама хешу таборатро куштанд. Бо як зани рус маслиҳат кардем ва якҷо зиндагӣ кардем. Духтарони ӯро калон кардем, соҳиби набера шудем,” – нақл кард Амриддин Гадоев.

Чанд нафар дар зери навори вохӯрии модару писар дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Ютуб навиштанд, бо фарзияи мард розӣ нестанд.

Яке аз онҳо нигоштааст, "як марди калон изо накашида мегӯяд, натавонист, оилаашро ёбад. Барои онки бо зани рус овора буд. Пас аз марги зани рус ҳалли ба ватан, ба пеши модар баргаштанро ёфт.”

Гадоев мегӯяд, ҳамсари русаш соле пеш даргузашт ва духтарони зан ба ӯ ёрӣ карданд, ки ба ватан баргардад.

Наздиконаш дар ватан фикр доштанд, ӯ дигар зинда нест ва маросими дуову фотеҳаашро баргузор карданд.

Ҳоҷимурод Тошев, ҳамсояи Амриддин Гадоев, мегӯяд, “хайру худоияшро додем. Бовар кун, вақте пайдо шуд, худам ҳайрон шудам. Сиҳату саломат, худи худаш. Мардум фикр мекард, ки дигар зинда нест.”

Духтару писари Амриддин Гадоев ҳоло муҳоҷиранд ва бо падар тамос нагирифтаанд. “Духтарам шашмоҳа буд ва писарам ҳафтсола, ки ман рафтам. Писарам дар Русия зан гирифтааст, духтарам фарзанддор нашуда, аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ҳоло ман онҳоро надидаам,” – мегӯяд Амриддин Гадоев.

Дар Русия, ки макони кори садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст, то кунун ҳазорон муҳоҷир бедарак шудаанд. Баъзеҳо умеди худро кандаанд. Дигарон бовар доранд, ки рӯзе онҳоро меёбанд, ҳатто баъди даҳсолаҳо ҳам.

XS
SM
MD
LG