Ссылки доступа

Баҳси бастани суратҳисоби Радиои Озодӣ дар порлумони Қирғизистон


Вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев дар ҷаласаи 2 ноябр масъалаи баста шудани ҳисоби бонкии Бахши қирғизии Радиои Озодиро матраҳ кард.

Бекешев гуфт, қонунгузории Қирғизистон бастани ҳисоби бонкиро танҳо дар се ҳолат - қарздорӣ аз андоз, қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ё маблағгузории созмонҳои террористӣ - талаб мекунад ва ин кор ҳам дар асоси қарри додгоҳ бояд анҷом шавад.

"Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин танҳо ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дахл дорад, аммо ин тавр нест. Қонунҳои бонкӣ набояд поймол шаванд. Соҳибкорон ва сармоягузорон ҳастанд. Саволе ба миён меояд, ки агар имрӯз ҳисобҳои радиоро бастанд, пас бастани ҳисобҳои дигар ҳам имконпазир аст? Ин ба бахши бонкӣ таъсири манфӣ мерасонад. Муфассал бояд маълумот диҳед, ки чаро ин тавр шуд", - гуфт ӯ дар хитоб ба намояндаи президенти Қирғизистон.

Намояндагони "Демирбонк" рӯзи 31-уми октябр тасдиқ карданд, ки бо дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон суратҳисоби бонкии Бахши қирғизии Радиои Озодиро бастаанд.

Ҳафтаи гузашта сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баста шуд.

Вазорати фарҳангу иттилоти Қирғизистон рӯзи 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номид. Ба бовари мақомот, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

XS
SM
MD
LG