Ссылки доступа

Дар рӯзҳои баргузории саммити Созмони кишварҳои туркӣ фурудгоҳи Самарқанд баста мешавад


Фурудгоҳи байналхалқии Самарқанди Узбекистон аз 8 то 12 ноябр баста мешавад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар медиҳанд.

Нахустин саммити Созмони кишварҳои туркӣ рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу охири моҳи сентябри имсол хабар дода буд, ки дар саммити моҳи ноябрӣ Туркманистон ба ҳайси узви комилҳуқуқ ба созмон пазируфта мешавад.

Созмони кишварҳои туркӣ соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон таъсис шудааст. Дар ибтидо Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви он буданд.

Узбекистон соли 2019 ба узвият пазируфта шуд.

Дар саммити соли 2021, ки дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, ин шӯро ба Созмони кишварҳои туркӣ табдили ном кард.

XS
SM
MD
LG