Ссылки доступа

Ҷабборов: Дар Қумтор он қадар тило истихроҷ ва он қадар дар Бонки миллӣ маҳфуз аст, ки дар таърих он қадар истихроҷ нашуда буд


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллии кишвараш дар бораи фаъолияти кони тилои Қумтор маълумот дод.

Ҷабборов дар шарҳи таъсиси комисияи вакилони порлумон оид ба тафтиши Қумтор гуфт, худи вай ташаббускори санҷиши корхона буд.

"Бигзор ба Қумтор раванд, ҳамаро санҷанд, чи қадар тило истихроҷ шуда буд, ба кӣ фурӯхта шуд, чи қадар дар Бонки миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, ғорат карданд ё не. Айни замон он қадар тило истихроҷ ва дар Бонки миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки дар тамоми тӯли таърих он қадар истихроҷ нашуда буд. Бигзор ҳамаро бо чашми худ бинанд", - гуфт Ҷабборов.

Пештар аз ин бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки мақомоти Қирғизистон харидорони 19 тона тилои он кишварро махфӣ кардаанд. 19 тона тило 40% тилои содиротии Қирғизистонро дар соли 2021 ташкил медиҳад. Аз ҳисоби фурӯши он 1,1 млрд доллар ба даст омадааст.

XS
SM
MD
LG