Ссылки доступа

Бунёди "Сорос-Қирғизистон" аз фишор ва ҳамла ба озодии баён нигарон аст


Бунёди "Сорос-Қирғизистон" вобаста ба "Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ҷиноятҳои зидди рӯзноманигорон" муроҷиате нашр кард.

Дар муроҷиати бунёд дар робита ба "ҳамла ба озодии баён" дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ шудааст.

"Беҷазоӣ тарси рӯзноманигорон ва фаъолонро зиёд ва ҷуръати ҷинояткоронро бештар кардааст. Беҷазоӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад ва барои сензураи зиддидемократӣ роҳ мекушояд", - омадааст дар муроҷиатнома.

Коршиносон мегӯянд, яке аз далелҳои бад шудани вазъи озодии баён дар Қирғизистон боздошти бештар аз 20 сиёсатмадору фаъоли ҷамъиятӣ, бастани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва суратҳисоби бонкии ин радиост, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо чанд пеш сурат гирифтанд.

XS
SM
MD
LG