Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғиз Семетай Талас уулу ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд


Рӯзноманигори қирғизистонӣ Семетай Талас уулу бо қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои додгоҳ, ӯ то 7 декабри имсол дар ҳабси хонагӣ мемонад.

Рӯзноманигор дар додгоҳ гуфт, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи Афғонистон матлаберо бознашр карда буд, вале баъдан онро ҳазф намуд.

“Ман дар Фейсбук дар бораи Афғонистон матлаберо бознашр кардам. Он ба воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла ба ҳузури неруҳои шӯравӣ ва Амрико дар он кишвар бахшида шуда буд. Маро барои бозпурсӣ даъват карданд ва боздошт карданд. Моҳи феврал аз хонаам китобҳоеро, ки бо розигии муфтиёт нашр мешуданд, мусодира карданд. Аммо дар онҳо ҳеҷ чизи шубҳанок пайдо нашуд. Ман Исломи суннатиро пайравӣ мекунам ва ин пайвандро тасодуфан паҳн карда будам”, - гуфт ӯ.

Семетейи 41-сола ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Вай гуфт, ки дар доираи парвандаи "Паҳнсозии маводи тундгароёна" шоҳид гузаштааст.

Вай дар масъалаи обанбори Кампиробод, ки мебоист, миёни Қирғизистону Узбекистон тақсим шавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар мекард.

XS
SM
MD
LG