Ссылки доступа

Қирғизистон аз Туркия паҳподи "Аксунгур" гирифтааст


Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, кишвараш ҳавопаймои бесарнишин ё худ паҳподи туркии навъи "Аксунгур"-ро дарёфт кард.

Тошиев бо нашри акси суроби ҳавопаймо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки "Аксунгур ҳам акнун аз мост". Вале ӯ шарҳ надодааст, ки Қирғизистон чанд то чунин ҳавопаймо дастрас кардааст.

Қирғизистон соли 2021 ҳавопаймои бесарнишини туркии "Байрактар ТБ-2"-ро харидорӣ карда буд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, бесарнишин аз пули буҷаи ҷумҳуриявӣ харидорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG