Ссылки доступа

Илон Маск тасмим дорад, нисфе аз кормандони Twitter-ро аз кор ронад


Илон Маск, ки шуруъ аз 28 октябри имсол молик ва роҳбари Twitter шуд, эълом кард, нисфе аз кормандони ин шабакаи иҷтимоиро сабукдӯш хоҳад кард.

Хабаргузории Bloomberg навишт, ки дар Twitter 7500 кас кор мекунад. Акнун бештар аз 3700 кас аз кор ронда хоҳанд шуд. Илон Маск инро харҷи зиёди ширкат номид.

Илон Маск, муассиси SpaceX ва Tesla рӯзи 28 октябр Twitter-ро бо қимати 44 миллиард доллар харид ва молику роҳбари ин ширкат шуд.

XS
SM
MD
LG