Ссылки доступа

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон шарҳи сабабҳои бастани суратҳисоби бонкиашро хост


Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба Хадамоти иктишофи молии назди вазорати молия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат ва шарҳи сабабҳои бастани суратҳисоби бонкиашро хост.

То ин замон мақомоти Қирғизистон шарҳе надодаанд.

Рӯзи 31 октябри "ДемирБонк"-и Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба таври шифоҳӣ хабар дод, ки суратҳисобаш баста шудааст. Дертар бонк ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки суратҳисобаш дар асоси Қонун "Дар бораи муқобила бо сармоягузории фаъолиятҳои террористӣ ва қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" баста шудааст.

Радиои Озодӣ мегӯяд, суратҳисоби бонкиаш бидуни асос баста шудааст ва помолсозии ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистон аст, ки дар ин радио кор мекунанд.

Охири моҳи октябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Қирғизистон барои ду моҳ баста шуд.

Вазорати фарҳангу иттилоти Қирғизистон рӯзи 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номид. Ба бовари мақомот, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

XS
SM
MD
LG