Ссылки доступа

Вазирони хориҷии Узбекистону Қирғизистон созишномаи обанбори Кампирободро имзо карданд


Kempir-Abad Reservoir

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев ва ҳамтои узбекистониаш Владимир Норов рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Бишкек чанд санад имзо карданд.

Ду ҷониб дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзи ду кишвар, дар мавриди мудирияти муштараки обанбори Кампиробод созишнома имзо карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, ки масъалаи сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон низ дар ин дидор баҳс шудааст. Ба ҷуз ин, вазири корҳои хориҷии Узбекистон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мулоқот кардааст.

Кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 31 октябр созишномаи мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо ҷониби Узбекистон қабул кард. Бино ба ин созишнома, захираҳои оби обанбор аз ҷониби Узбекистону Қирғизистон муштаракан идора мешавад.

XS
SM
MD
LG