Ссылки доступа

Табибон вазъи кормандони осебдида дар таркиши кони Қарағандаро шарҳ доданд


Табибони вилояти Қарағандаи Қазоқистон вазъи чаҳор корманди ширкати "АрселорМиттал Темиртау" (АМТ)-ро, ки шаби 3 ноябр дар натиҷаи таркиш дар як кони ин ширкат осеб дида буданд, шарҳ доданд.

"Вазъи беморон муътадил аст. Онҳоро тавассути ҳавопаймои ёрии таъҷилии беҳдоштӣ оварда буданд ва инҷо ҷарроҳӣ шуданд. Беморон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд ва аз зери дастгоҳи нафаси сунъӣ берун бароварда шудаанд", - изҳор доштааст табиб Талгат Жукен.

"Ихроҷи эҳтимолии газ боиси таркиш шуд ва панҷ корманд, ки дар мавзеи наздиктарин кор мекарданд, ба ҳалокат расиданд. Чаҳор корманди дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Вазъи яке аз онҳо вазнин боқӣ мемонад”, - хабар дода буд АМТ шоми 3 ноябр дар вебсайти худ.

Шаби 3 октябр дар кони ба номи Ленини "АрселорМиттал Темиртау" ҳангоми парма кардани чоҳҳо газ хориҷ ва боиси марги 5 коргар шуд. Чаҳор нафари дигар аз газ заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд.

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, 106 коргари кон ба ҷои дигар интиқол дода шуданд. Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои куҳӣ ё сохтмонӣ" тафтишотро оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG