Ссылки доступа

Дарвозаҳои Самарқандро барои ду рӯз мебанданд


Раёсати пулиси шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар додааст, ки роҳҳои даромад ба шаҳр рӯзҳои 10 ва 11 ноябри имсол баста хоҳанд шуд.

Ин тасмим ба далели баргузории нахустин саммити Созмони кишварҳои туркӣ дар Самарқанд гирифта шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд аз 8 то 12 ноябр баста мешавад. Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу охири моҳи сентябри имсол хабар дода буд, ки дар саммити моҳи ноябрӣ Туркманистон ба ҳайси узви комилҳуқуқ ба созмон пазируфта мешавад.

Созмони кишварҳои туркӣ соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон таъсис шудааст. Дар ибтидо Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви он буданд.

Узбекистон соли 2019 ба узвият пазируфта шуд.

Дар саммити соли 2021, ки дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, ин шӯро ба Созмони кишварҳои туркӣ табдили ном кард.

XS
SM
MD
LG