Ссылки доступа

Масҷиди рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон барқ мефурӯшад


Яҳёхоҷа Исмоилов, рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон

Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст.

Масҷиди Яҳёхоҷа Исмоилов дар пойтахти Қазоқистон барқ тавлид карда мефурӯшад ва аз ин ҳисоб хароҷоти масҷидро мепӯшонад.

Масҷиде, ки ин руҳонии тоҷиктабор роҳбарӣ мекунад, бо шакли ғайримаъмулӣ сохта шуда, дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Остона ҷойгир аст. Масҷид ба шакли бурриши алмосӣ сохта шуда, манорааш мисли қалам аст. Аммо фарқи ин масҷид аз дигар ибодатхонаҳо танҳо намуди зоҳириаш нест. Ба гуфтаи имоми он, ин масҷид аз ҷиҳати молӣ худкифо аст.

Яҳёхоҷа Исмоилов, сархатиби масҷид дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ибодатхона бо технологияи нав бунёд шуда, худашро бо барқ таъмин мекунад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Барқи масҷид ба воситаи нури офтоб дар дастгоҳҳо ё батареяҳо тавлид мешавад. Ин низом соли 2018 аз тарафи ширкати австриягии "Weissenseer" бо харҷи 273 ҳазор евро сохта шудааст. Маблағи сарфшуда аз ҳисоби фурӯши барқи зиёдатӣ бояд давоми 7,5 сол рӯёнда шавад.

Кристофор Мюллер, роҳбари ширкати "Weissenseer" пештар ба расонаҳои Қазоқистон гуфта буд, ин аввалин масҷид дар ҷаҳон аст, ки худашро мустақилона бо барқ таъмин мекунад.

Яҳёхоҷа Исмоилов, сархатиби масҷид мегӯяд, барқи тавлидшуда аз эҳтиёҷоти масҷид бештар аст ва зиёдатии онро ба идораи барқи шаҳри Остона мефурӯшанд. “Аз ҳисоби барқе, ки ба шаҳр медиҳем, дигар хароҷотҳои масҷидро мепӯшонем,”-афзуд ин руҳонӣ.

Яҳёхоҷа Исмоилов 35 сол аст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон имомхатиб будааст. Мегӯяд, набояд масҷидҳо дастнигари хайру садақаи мардум бошанд. Барои баровардани хароҷоти масҷидҳои зертобеаш ин руҳонӣ аз усулҳои гуногун кор гирифтааст.

“Дар шаҳри Петропавловск масҷиди калон бунёд кардем ва дар назди масҷид як ошхонае сохтем, ки зиёда аз 200 одам ҷой мегирифт. Дар ин ошхона ҳамарӯза ва бахусус рӯзҳои шанбе ва якшанбе одамҳо омада маъракаҳои худро мегузаронданд ва аз ҳисоби он ба масҷид даромад мешуд. Ҳамчунин бо иҷозати ҳукумати маҳаллӣ қитъаи замин гирифта, барои мошинҳо таваққуфгоҳ сохтем. Дар он рӯзона 200-300 мошин меистод ва аз ҳисоби маблағи он хароҷоти масҷидро мепӯшондем,”-афзуд Яҳёхоҷа Исмоилов.

Аз ин руҳонӣ пурсидем, ки даромади масҷид чигуна ҳисоб мешавад ва то куҷо шаффофият таъмин аст? Мегӯяд, масҷид муҳосибот дорад ва дахлу харҷро 10 узви ҳайати муассисон назорат мекунанд.

Дар таърихи дини ислом масҷидҳо қаблан соҳиби дороиҳое буданд, ки вақф номида мешуд. Аммо ҳоло масҷидҳо дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳо ба ҷуз аз бино тақрибан чизе надоранд. Ба истиснои маоши имомҳо, хароҷоти дигари ин ибодатхонаҳо аз ҳисоби садақаи мардум аст. Одате, ки бархе руҳониён мехоҳанд аз байн бурда шавад ва масҷидҳо аз нигоҳи молӣ муҳтоҷу дастнигари мардум набошанд.

XS
SM
MD
LG