Ссылки доступа

Путин: 50 ҳазор басеҷшуда алакай зидди Украина меҷанганд


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, дар ҳоли ҳозир наздики 80 ҳазор шаҳрванди басеҷшудаи кишвараш дар ҳудуди Украина буда, 50 ҳазор нафари онҳо дар ҷанг иштирок мекунанд.

"Мо ҳоло дар гуруҳҳои ҷангӣ 50 ҳазор нафар дорем. Боқимондаҳо феълан дар задухӯрдҳо иштирок намекунанд. Аммо то 80 ҳазор нафар дар минтақаи амалиёти ҷангӣ қарор доранд. Боқӣ дар размоишгоҳҳо ҳастанд", - иқтибос овардааст Хабаргузории ТАСС аз суханони Путин.

"Mediazona" ва "Новая газета" ибтидои моҳи ноябр аз кушта шудани 115 шаҳрванди басеҷшудаи Русия дар ҷанги Украина хабар доданд. Расонаҳо гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд шумори воқеии кушташудагони сафарбаршуда хеле бештар аст.

Қаблан вазири дифои Русияъ Сергей Шойгу хабар дода буд, ки аз 300 000 нафари басеҷшуда 87 000 кас "пас аз омӯзиш" ба минтақаҳои ҷанг дар Украина фиристода шудаанд. Ба гуфтаи вазир, наваскарон ба ҷанг фиристода намешаванд.

XS
SM
MD
LG