Ссылки доступа

Оғози муҳокимаи парвандаи роҳбари мухолифини Қазоқистон


Рӯзи 7 ноябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон муҳокимаи парвандаи роҳбари ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон Жанболат Мамай шуруъ гардид.

Вай дар "паҳнсозии иттилои бардурӯғ", "таҳқири намояндаи давлат" ва "вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо" айбдор мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Жанболат Мамай рӯзи 2 ноябр аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Алмато озод шуд.

"Додгоҳ қарор кард, ки дар муҳлати тафтишот айбдоршаванда ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад", - омадааст дар қарори додгоҳ.

Мамайи 34-сола 26 феврали имсол боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуд.

Фаъоли қазоқ гуфта буд, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG