Ссылки доступа

Хабари ба таътил фиристодани донишҷӯёни Самарқанд рад шуд


Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон хабари ба таътил фиристодани донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳри Самарқандро дар робита ба баргузории нишасти сарони Созмони кишварҳои туркӣ рад кард.

"Ингуна хабарҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, асос надоранд. Дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Самарқанд дарсҳо тибқи барномаи таълимии тасдиқшуда, идома хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Нахустин саммити Созмони кишварҳои туркӣ рӯзҳои 10 ва 11 ноябри имсол дар Самарқанд баргузор мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд аз 8 то 12 ноябр баста мешавад.

Созмони кишварҳои туркӣ соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон таъсис шудааст. Дар ибтидо Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви он буданд.

Узбекистон соли 2019 ба узвият пазируфта шуд.

Дар саммити соли 2021, ки дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, ин шӯро ба Созмони кишварҳои туркӣ табдили ном кард.

XS
SM
MD
LG