Ссылки доступа

Як фаъоли маданиро дар Душанбе 13 сол зиндонӣ карданд. Рамзӣ Вазирбеков кист?


Рамзӣ Вазирбеков

Додгоҳи шаҳри Душанбе як зодаи вилояти Бадахшонро, ки бо танқидҳояш аз кори мақомоти Тоҷикистон шинохта буд, ба 13 сол зиндон маҳкум кардааст.

Рамзӣ Вазирбеков моҳи июли имсол дар шароити мармуз дастгир ва ҳукмаш паси дарҳои баста дар боздоштгоҳ эълон шуд. Тафсилоти ҳукм дастрас нест. Ба нақли пайвандонаш, Рамзӣ Вазирбеков ба бегуноҳии худ таъкид кардааст.

Наздикони Рамзӣ Вазирбеков ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми ӯ рӯзи 5-уми ноябр эълон шуд. Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи масъулони Додгоҳи Душанбе то ин дам бенатиҷа буд. Намояндагони додгоҳ бо шунидани суоли Радиои Озодӣ дафъатан суҳбатро қатъ карданд.

Яке аз пайвандони Вазирбеков рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ӯ бар асоси ду банди қонуни ҷиноӣ гунаҳкор шудааст. Яке “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” (187, қисми 2) ва дигаре “даъвати оммавӣ барои бо зӯрӣ гирифтани ҳокимият ё тағйир додани сохти конститутсионӣ дар интернет” (307, қисми 2).

“Дар мурофиаи охир, ҳангоме ки ҳукм эълон мешуд, Рамзӣ Вазирбеков ҳамаи иттиҳомҳоро рад карда, ҷурмҳоро беасос донистааст. Аз ин бештар чизе намедонем,” – нақл кард яке аз пайвандонаш, ки ба далоили амниятӣ хост, номаш зикр нашавад.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Рамзӣ Вазирбеков вакили мудофеи давлатӣ дорад, вале Радиои Озодӣ то ҳоло натавонист, бо ӯ тамос гирад.

Рамзӣ Вазирбеков, ки солҳои охир дар Русия мезист, моҳи июли имсол ва пас аз ҳодисаҳои хунини Бадахшон, ҳамроҳи фаъоли дигар, Ораз Вазирбеков, дар шароити мармуз аз Маскав ба Тоҷикистон оварда шуд.

Онҳо дар наворе, ки тавассути саҳифаҳои наздик ба мақомот нашру паҳн шуд, гуфтанд, ихтиёрӣ ба кишвар баргаштаанд, то дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон баёнот бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки пештар дар наворҳое ҷудогона гуфта буданд, агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, сафарашон ихтиёрӣ нест, балки онҳоро рабудаанд.

Пайвандони Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо борҳо дар бораи қонуншиканӣ зимни тафтишот ва шиканҷа шудани онҳо суҳбат кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтае пеш Ораз Вазирбековро ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Наздиконаш ҳукмро беасос донистанд.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо фаъоли маданиро дастгир ва баъзеро ба солҳои дарози зиндон ва ҳабси абад маҳкум карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, гуноҳе накардаанд ва иттиҳомот беасос аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна бархӯрд сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад”.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар чанд маврид гуфтаанд, онҳо аъзои “гуруҳҳои ҷиноӣ”-ро аз байн бурданд ва ҳамкорони онҳоро боздошту бозпурсӣ доранд, Ба иттилои Додситонии кул то моҳи сентябр 77 нафарро ҷазо додаанд, муҳокимаи дигарон идома дорад.

XS
SM
MD
LG