Ссылки доступа

Аз Дарвоз то Хоруғ, аз Душанбе то Хуҷанд. Саргардонии даҳҳо нафар дар роҳҳои Тоҷикистон


Боронгарӣ ҳаракатро дар роҳҳои кишвар душвор кардааст
Боронгарӣ ҳаракатро дар роҳҳои кишвар душвор кардааст

Бориши барфу борон дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон мушкили куҳнаро дубора бармало карду даҳҳо ронанда ва мусофирро саргардон. Сангреза роҳи Душанберо ба Хоруғ муваққатан баст. Роҳ аз пойтахт ба Хуҷанд низ ба рӯи мошинҳои борбар пӯшида шуд. Дар идораҳои давлатӣ мегӯянд, дар пайи ислоҳи вазъ ҳастанд. Сокинон шикоят доранд, ки дар роҳ сарсон шуданд.

Рӯзи 8-уми ноябр ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ муваққатан манъ шуд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз резиши санг дар минтақа хабар дода, гуфтанд, ҳарчӣ зуд роҳро тоза ва ҳаракати нақлиётро дар ин масирро таъмин хоҳанд кард.

Ронандагону мусофироне, ки ба далели пеш омадани ин мушкил нақшаҳояшон ба ҳам задаву қисме дар роҳ банд мондаанд, мунтазири рафъи харобкории боронҳои пуршиддатанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ низ резиши санг сабт шуд" ва он ҳам ба ҳаракати мошинҳо монеа эҷод мекунад.

Кумита рӯзи 5-уми ноябр низ аз рехтани санги дар километри 37-уми роҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ хабар дода буд.

Мусофирону ронандаҳо аз он шикоят доранд, ки бо оғози боронгариҳо ҳаракат дар роҳҳо душвор ё умуман ғайримимкон шудаву онҳо дар роҳ сарсон мондаанд. Хуррамшоҳи Саломатшоҳ, сокини ноҳияи Ишкошимро хабари манъи ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хоруғ нигарон кардааст.

"Шунидем, ки роҳи мошингузарро бастаанд ва мусофирҳо дар роҳанд. Вазъияти роҳи Ванҷу Дарвоз бад шудааст. Агар имкон мешуд, роҳро зуд соз мекарданд. Ҳангоми аз Дарвоз то Ванҷ рафтан ҳам мусофир азоб мекашад ва ҳам мошину ронанда," -- афзуд Хуррамшоҳи Саломатшоҳ.

Суҳроб Амирбеков, ронандаи мусофирбарро дар роҳи Душанбе - Хоруғ манъи ҳаракат дар ин роҳ ба ташвиш гузоштааст.

Ӯ мегӯяд, маҷбур аст, то боз шудани роҳ дар ҷое интизор бимонад. "Ҳоло маълум нест роҳ кай кушода мешавад. Дар ягон ҷо интизор мемонем. Мушкилаш аз Дарвоз то Хоруғ аст ва аз он ҷо то Ишкошим. Умуман, ҳама роҳҳои мо душворгузаранд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, боронҳои чанд рӯзи охир махсусан ба ҳаракати мошинҳо дар роҳ ба сӯйи минтақҳои кӯҳии кишвар, аз ҷумла Рашту Варзоб, низ мушкил эҷод кардааст.

"Шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Роғун, дар Оби Гарм фаромадани сангрезиш сабт шудааст, ки роҳи хусусияти маҳаллидошта маҳкам гардид, вале аз ҷониби кормандони Вазорати нақлиёт як роҳи иловагӣ кушода шуд," -- гуфт, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Cангрезӣ равуоро дар роҳҳои Тоҷикистон душвор кард
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Тибқи иттилои ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳ, ки аз ронандаҳо пул мегирад, роҳи Душанбе - Хуҷанд боз аст, вале ҳаракати баъзе аз мошинҳои борбар, аз ҷумла мошинҳои навъи "Фура" дар ин роҳ манъ аст.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба барфу боронҳои пуршиддат сокинон бояд ин шабу рӯз эҳтиёт кунанд, то ба хатарҳои бештар рӯ ба рӯ нашаванд. Тибқи иттилои расмӣ, барфу боронҳои пайдарҳами чанд рӯзи охир талафоти ҷонию молӣ надоштааст.

XS
SM
MD
LG