Ссылки доступа

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Қазоқистон: раиси маҷлис гуфт, чаро дар баҳсҳо аз номи Тоқаев баромад мекунад


Раиси маҷлис ё порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов гуфт, ки чаро дар баҳсҳои пешазинтихоботии президентӣ аз номи Қосимҷомарт Тоқаев, президенти кунунии он кишвар иштирок мекунад.

"Президент будан - ин ҷавобгӯи сарнавишти мардум, сиёсати дохиливу хориҷӣ будан аст. Баъдан, иштироки узви дигари ситоди интихоботиро дар баҳсҳо ҳеч қонуне манъ накардааст", - гуфт раиси порлумон.

Ахиран Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон нақшаи баҳсҳои пешазинтихоботиро муайян кард, ки бино ба ин нақша, 11 ноябр нахустин баҳси интихоботии номзадҳо ба мақоми президентӣ нашр мешавад.

Дар баҳси аввал 5 номзад: Каракат Абден, Нурлан Ауесбоев, Жигулӣ Дайрабоев, Мейрам Кажикен ва Салтанат Турсинбекова иштирок мекунанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти амалкунанда ва яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ дар ин баҳсҳо иштирок намекунад, балки ӯро раиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов иваз мекунад.

XS
SM
MD
LG