Ссылки доступа

Ҳалокати ду кас ва ҷароҳати панҷ нафар. Садамаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Дар садамае дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, панҷ нафари дигар, аз ҷумла се кӯдак, маҷруҳ шудаанд. Вазъияти баъзе аз онҳоро "вазнин" арзёбӣ мекунанд.

Ҳодиса шаби 7-уми ноябр дар ҳудуди вилояти Челябинск рӯй додааст.

Мақомоти Русия гуфтанд, "Тойота Версо", ки аз Тоҷикистон ба он кишвар мерафт, дар роҳ ба як мошини борбар бархурд. Вазъи ронандаи мошини дувум муътадил гуфта мешавад.

Деҳқонбой Машарифови 74-сола ва ҳамсараш Саидмоҳ Машарифоваи 69-сола аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.

Ронанда ва чаҳор мусофири дигар низ аз ноҳияи Ашт ҳастанд. Се нафари онҳо кӯдаканд ва аз 5 то 10-сола.

Наздикони яке аз онҳо тасдиқ кард, ки "маҷруҳон дар бемористон ҳастанд, баъзеашон дар шуъбаи эҳё. Сабаби садама феълан дақиқ нест. Мақомоти Русия тафтиш доранд."

Расонаҳои Русия рӯзи 8-уми ноябр навиштанд, ки ронандаи 46-сола "аз уҳдаи идораи мошин набаромаду ба муқобили роҳ ҳаракат кард". Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Ба иттилои маъмурони наҷоти Русия, ин мошин аз марзи Қазоқистон гузашта, ба вилояти Тюмен ҳаракат дошт ва ҳоло ронандаву мусофирони маҷруҳаш дар бемористони Челябинск бистарӣ ҳастанд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб бо роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ ба Русия мераванд. Мақомоти Русия шумораашонро 2 миллион нафар мегӯянд, вале ҷониби Тоҷикистон 600 ҳазор нафар мешуморад.

Ҳар сол бар асари садама дар роҳу маҳалли кор ва бемориву куштор дар Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар шаш моҳи аввали имсол аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 480 нафарро овардаанд.

XS
SM
MD
LG