Ссылки доступа

Вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, баъди гузориши "мансабдорони қиморбоз" тафтиш шуруъ шудааст


Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон рӯзи 10 ноябр гуфт, миёни хидматчиёни низомӣ, ки дар рӯйхати "мансабдорони қиморбоз" зикр шудаанд, намояндагони ҳайати олии вазорат набуданд.

Ба гуфтаи вай, афроде, ки дар рӯйхати "мансабдорони қиморбоз" зикр шудаанд, шиносоӣ шудаанд.

"Дар мавриди ҳар кадоми онҳо ҳоло таҳқиқи хидматӣ шуруъ шудааст. Баъди хулосаи таҳқиқ, ман дар мавриди идомаи фаъолияти онҳо тасмим хоҳам гирифт", - гуфт Жаксиликов.

Расонаҳо хабар доданд, ки мансабдорони Қазоқистон беш аз як миллион долларро дар қимор ё казино бохтаанд. Ин пул, ки аз маошу даромади кормандони давлатӣ бештар аст, дар ҷомеаи он кишвар мавҷи танқидҳоро ба бор овард. Гунаҳгорон ҳамоно беҷазо ва ин суол беҷавоб мондааст, ки онҳо аз куҷо барои бозӣ ин қадар пул меёбанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон санаде аз даст ба даст мегардад, ки иштироки мансабдоронро бо пули калон дар қиморбозӣ ошкор мекунад. Дар ин санад, ки бо имзои додситонии вилояти Алмато, Берик Адамов, ба шабакаҳо роҳ ёфтааст, номи мақомоте оварда шудааст, ки кормандонаш дар қиморхона ё казино вақтхушӣ мекунанд.

Бохти мансабдорон дар бозии қимор зиёдтар аз маошу даромадашон будааст. Онҳо дар ин бозӣ беш аз ним миллиард танга мегузоштаанд. Дар миёни дӯстдорони қимор, кормандони мақомоти интизомӣ, додгоҳҳо, Вазорати дифоъ ва Оҷонси зидди фасод низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG