Ссылки доступа

Марги навраси 15-сола дар маркази барқарорсозии Қуқанди Узбекистон. Дар бадани вай изи шиканҷа ошкор шудааст


Рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ дар Маркази мутобиқсозӣ ва барқароргардонии наврасон дар шаҳри Қуқанди Узбекистон навраси 15-сола Равшанбек Абдусатторов фавтид.

Равшанбекро кормандони пулис бо гумони дуздии як бутри нушобаи Flash ва чаҳор дона қурут, ки арзиши умумии ҳамаи он 16 ҳазору 700 сӯм - муодили тақрибан 17 сомониро ташкил медод, боздошту бозпурсӣ карданд.

Рӯзи 16 октябри ӯро ба Маркази мутобиқсозӣ ва барқароргардонии наврасон ирсол карданд.

Равшанбек Абдусатторов 19 ноябри соли 2007 таваллуд шуда буд. Баъди ҷудошавии волидонаш аз ҳамдигар вай дар мазили тағояш истиқомат мекард.

Баъди марг ҷасади ӯро ду рӯз ба наздиконаш надоданд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, вазъи сиҳатии Равшанбек Абдусатторов рӯзи 17 октябр бад шуда, дар роҳ ба сӯи бемористон фавтидааст.

Фарзияе мавҷуд аст, ки шаби 16 ба 17 октябр Абдусатторовро латту кӯб кардаанд.

XS
SM
MD
LG