Ссылки доступа

Дар Қазоқистон марказҳои хидматрасон ба муҳоҷирони Русияро мебанданд


Марказҳои хидматрасонии давлатӣ (МХД), ки барои муҳоҷирон аз Русия дар Қазоқистон ташкил шуда буданд, аз 8 ноябр фаъолиятро қатъ карданд.

Хадамоти матбуотии корхонаи давлатии "Ҳукумат барои шаҳрвандон" хабар додааст, ки МХД-и ин ниҳод дар шаҳри Остона низ аз фаъолият боз монд.

Манбаъ дар шарҳи сабаби қатъи фаъолияти марказ гуфта, ки талабот ба он коҳиш ёфтааст.

Шаҳрдории Алмато тасмим гирифтааст, ба ҷои МХД-и шаҳр як маҷмааи варзишию фароғатӣ боз кунад. Мақомоти Алмато гуфтаанд, шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти Рақами мушаххаси инфиродӣ (РМИ) метавонанд ба бахшҳои бонкҳо муроҷиат кунанд.

Нашрияи "Информбюро" хабар медиҳад, ки дар Қазоқистон дар умум талаботи хориҷиҳо ба РМИ коҳиш ёфтааст ва бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки марказҳои хидматрасонӣ баста шаванд. Ин марказҳо дар пайи афзоиши сафари русиягиҳо ба Қазоқистон бештар шуда буданд.

XS
SM
MD
LG