Ссылки доступа

Мирзиёев бори нахуст ба рӯйхати "500 мусулмони таъсиргузори дунё" шомил шуд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бори нахуст ба рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон-2023" шомил шудааст.

Ба навиштаи "Muslim 500", "раисҷумҳури Узбекистон ислоҳоти батадриҷ гузаронида, аз ҷумла салоҳияти хадамоти амнияти кишварашро коҳиш додааст. Ҳамчунин ба тиҷорат ва сармоягузории хориҷӣ ташвиқ карда, озодиҳои сиёсии бештар додааст".

Қаблан ба феҳристи "500 мусулмони таъсиргузори дунё" аз Узбекистон муфтии он кишвар Усмонхон Олимов, ки соли 2021 даргузашт, шомил мешуд. Олимов ба ин феҳрист 11 бор шомил шудааст.

Рӯйхати "500 мусулмони таъсиргузори дунё"-ро Маркази исломии таҳқиқоти стратегии Уммон аз соли 2009 ба ин сӯ нашр мекунад.

Ба феҳристи имсолаи мусулмонони бонуфуз дар баробари раисҷумҳури Узбекистон шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, раҳбари Эрон Алӣ Хоманаӣ, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG