Ссылки доступа

Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек, аммо бе иштироки варзишгарони тоҷик


Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик.
Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик.

Бино ба иттилои Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS), рӯзи 11-уми ноябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо оғоз ёфт, ки то 13-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар мусобиқаи асосии мавсими имсола, ки бори нахуст дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, варзишгарони беш аз 50 кишвар ширкат меварзанд. Мусобиқа оид ба самбои варзишӣ миёни мардон ва занон, инчунин, дар намуди самбои размӣ байни мардон сурат мегирад.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек гуштигирон аз Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд. Бо қарори кумитаи иҷроияи FIAS варзишгарон аз Беларус, Русия, инчунин Фаронса таҳти парчами Федератсияи байналмилалии самбо ширкат меварзанд. Ҳамчунин аввалин бор дар таърихи мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дастаи гурезаҳо иштирок менамояд.

Вале варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Бишкек ширкат намеварзанд. Чунон ки ба Радиои Озодӣ дар Федератсияи самбои Тоҷикистон гуфтанд, сабаби ба Бишкек нарафтани варзишгарони тоҷик ба муноқишаҳои марзӣ миёни ҳарду кишвар бастагӣ дорад. Бинобар ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба Федератсияи самбои кишвар тавсия додааст, ки барои амнияти варзишгарон аз сафар ба Бишкек худдорӣ намоянд.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ рух дод. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ин низоъ 41 ғайринизомӣ ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ номи 84 ғайринизомӣ ва неруҳои амниятиро гирд овард, ки дар муноқиша кушта шудаанд. Мақомоти Қирғизистон аз талафоти 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар гузориш додаанд.

Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон мунтазам иштирок карда, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Се паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов – дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафари дигар – Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов - дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали тило гирифт, ба Радиои Озодӣ гуфт, «ман ба чемпионати ҷаҳон омодагии хуб дидам ва мақсад доштам, ки бори дуюм барандаи медали тило шавам. То ҳоло касе ду бор аз Тоҷикистон дар ин намуд қаҳрамони ҷаҳон нашудааст. Мутаассифона, мо наметавонем, ки ба Бишкек равем. Ҳамакнун ба мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар соли 2023 умед мебандам.»

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Биишкек варзишгарон барои 21 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин 7 вазн байни мардон оид ба самбои размӣ) мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG