Ссылки доступа

40 рӯзи гуруснашинии Ермек Наримбоев: вакили мудофеъ гуфт, сиҳатиаш иҷоза надод, ба мулоқот барояд


Фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Ермек Наримбоев 40 рӯз аст, ки гуруснашинӣ мекунад.

Жанар Балгабоев, вакили мудофеи вай гуфт, рӯзи 10 ноябр ба зиндон рафт, аммо Наримбоев ба далели вазъи бади сиҳатиаш натавонист, ба мулоқот барояд.

Наримбоеви 52-сола дар маҳбаси Заречнии вилояти Алматои Қазоқистон адои ҳукм мекунад.

Наримбойро ибтидои соли 2016 бо айби "барангехтани адоват" се сол зиндонӣ карда буданд. Додгоҳ дертар ҳукми ӯро ба маҳдудсозии озодӣ иваз кард. Наримбоев бидуни иҷозаи додгоҳ Қазоқистонро тарк карда буд.

Вай моҳи феврали соли ҷорӣ аз Украина ба Қазоқистон баргашт ва боздошт шуд. Ӯро барои адои боқимондаи ҳукми пешин ба ҳабс гирифтанд.

XS
SM
MD
LG