Ссылки доступа

Дар маркази гармидиҳии Ангрени Узбекистон "нуқси техникӣ" сар зад


Рӯзи якшанбеи 13 ноябр дар маркази барқу гармидиҳии Ангрени Узбекистон "нуқси техникӣ" сар задааст.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, соати 15:14 дақиқа яке аз бахшҳои марказ аз кор мондааст.

"Дар ҳоли ҳозир шаҳри Ангрен бо барқ таъмин аст, дар фурсатҳои наздик гармӣ низ таъмин мешавад", - омадааст дар хабар расонаҳои маҳаллӣ.

Маркази барқу гармидиҳии Ангрен барои таъмини шаҳри Ангрен ва дигар ноҳияҳои вилояти Тошканд бо барқу гармӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG