Ссылки доступа

Туркманистон узви комилҳуқуқи Созмони кишварҳои туркӣ нашуд


Дар поёни саммити Шӯрои сарони кишварҳои Созмони давлатҳои туркӣ, ки рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон доир гардид, хабар дода нашуд, ки Туркманистон узви комилҳуқуқи ин созмон шуда бошад.

Хабаргузории "Анадолу"-и Туркия рӯзи 29 сентябр хабар дода буд, ки Туркманистон дар саммити Самарқанд узви комилҳуқуқи Созмони кишварҳои туркӣ мешавад.

"Туркманистон, ҳамчун кишвари нозир, акнун узви комилҳуқуқи Созмони кишварҳои туркӣ мешавад... Ба ин тартиб, мо умедворем, ки оилаи мо комил мегардад", - гуфта буд вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу.

Дар саммити Самарқанд раиси порлумон ё Халқ маслиҳатии Туркманистон, президенти пешини он кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов иштирок кард.

Расонаҳои Туркманистон хабар доданд, ки Бердимуҳаммадов дар саммити мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ, бо даъвати президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, иштирок кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Узбекистон узви комилҳуқуқи Созмони кишварҳои туркӣ ҳастанд. Маҷористон ва Туркманистон дар ин созмон ба ҳайси нозир иштирок мекунанд.

Созмони мазкур соли 2009 таъсис шуд, ки дар ибтидо Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ном дошт.

XS
SM
MD
LG