Ссылки доступа

Вазорати адлияи Қирғизистон ба лоиҳаи қонуни дастгоҳи Ҷабборов хулосаи манфӣ дод


Вазорати адлияи Қирғизистон дар робита ба лоиҳаи пешниҳодии дастгоҳи президенти ин кишвар, ки дар бораи расонаҳои хабарӣ таҳия шуда буд, хулосаи манфӣ омода кардааст.

Ин хабарро дар вазорат тасдиқ карданд, вале гуфтанд, коршиносон дертар сабаби хулосаи манфиро шарҳ хоҳанд дод.

Хадамоти сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон охирҳои моҳи сентябри имсол лоиҳаи қонун "Дар бораи воситаҳои ахбори ом"-ро ба муҳокимаи умум пешниҳод карда буд.

Бунёди ҷамъиятии "Институти сиёсати ВАО" дар Қирғизистон гуфт, "яке аз ҳадафҳои лоиҳаи қонун аз байн бурдани сомонаҳои мухолифи ҳукумати кунунии кишвар аст". Бунёд даъват кард, ки лоиҳа бозхонд шавад.

XS
SM
MD
LG