Ссылки доступа

Қазоқистон ба истеҳсоли мошинҳо бо меъёри пасти экологӣ иҷозат дод


Қазоқистон дар пайравӣ аз Русия талаботи меъёри экологиро ба мошинҳои истеҳсоли дохилии ин кишвар то ба сатҳи солҳои 90-ум коҳиш медиҳад.

Тибқи қарори ҳукумати Қазоқистон, дар ин кишвар истеҳсоли мошинҳо бо риояи меъёри пасти экологиӣ - то ба "Евро-0" иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин тағйироти ахир ба истеҳсоли мошинҳои бидуни болишти бехатарӣ иҷозат медиҳад.

Қоидаҳои нав аз 15 ноябр дар Қазоқистон ба иҷро медароянд. Русия ин имтиёзҳоро ба мошинсозон, ки аз насби як қатор низомҳо дар мошинҳои нав озод ҳастанд, моҳи майи имсол дар пасманзари сахттар шудани таҳримҳои Ғарб дар робита ба ҳамлаи Маскав алайҳи Украина ва афзоиши норасоии қисмҳои эҳтиётӣ дода буд.

Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё моҳи апрели имсол иҷозат дод, ки то 1 феврали соли 2023 мошинҳо бар асоси талаботи қонунгузории миллӣ, ки аз талаботи техникии Иттиҳоди Аврупо фарқ мекунад, истеҳсол карда шаванд.

XS
SM
MD
LG