Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқи "Мемориал"-ро аз Қирғизистон ихроҷ карданд


Мудири барномаҳои Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” дар Осиёи Марказӣ Виталий Пономарев аз Қирғизистон ихроҷ шудааст.

Дар Ҷунбиши ҳуқуқи башари “Бир дунёи Қирғизистон” ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Пономарев ҳамчун меҳмон ба ҷашнвораи синамо дар бораи ҳуқуқи инсон даъват шуда буд, аммо вай ба далели манъ шудани ҳузураш дар Қирғизистон натавонист дар чорабинӣ иштирок кунад.

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ихроҷи Пономаревро тасдиқ карданд.

"Хадамот супориши сохторҳои дигари давлатиро иҷро мекунад. Вуруди Пономарев ба Қирғизистон манъ шудааст ва худи ӯ медонад, ки чаро будубошаш дар Қирғизистон манъ мебошад", - гуфтанд масъулони хадамот.

Виталий Пономарев 14 ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Бишкек ҳангоми гузаштан аз санҷиш дастгир шуд. Марзбонони қирғиз ба ӯ гуфтаанд, ки вурудаш ба Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2017 манъ шуда буд ва соли 2020 гӯиё муҳлати он тамдид карда шудааст.

XS
SM
MD
LG