Ссылки доступа

Ҳукми 7 соли зиндони мансабдори қазоқе, ки Назарбоевро тавсиф кард


Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 15 ноябр Бакитгул Хаменова, муовини собиқи раиси вилояти Атирауро, ки ба гирифтани пора муттаҳам мешавад, бо мусодираи амвол ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи кор дар ниҳодҳои давлатӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Муҳлати адои ҷазои Хаменова ба далели фарзанди ноболиғ доштан ба муҳлати се сол ба таъхир гузошта шудааст. Бакитгул Хаменова шуруъ аз рӯзи 12 декабри соли гузашта вай дар ҳабси хонагӣ буд.

Расонаҳо аз боздошти Хаменова рӯзи 10 декабри соли гузашта хабар дода буданд. Вай ва роҳбари бахши фарҳанги вилояти Атирау Оқилбек Рискалиев дар гирифтани 4,5 миллион танга пора гумонбар мешаванд. Мақомот мегӯянд, ин ду мансабдор барои насби тандиси шоир Абай Кунанбоев дар шаҳри Атирау аз маблағҳои давлатӣ "ҳақ" талаб кардаанд.

Нисбати онҳо бо моддаи "Порагирӣ дар ҳаҷми калон" парванда боз шудааст.

Бакитгул Хаменова моҳи марти соли гузашта муовини раиси вилояти Атирау таъйин шуда буд. То он замон вай вакили порлумон буд. Бакитгул Хаменова баъди он соҳиби курсии порлумонӣ шуд, ки дар соли 2016 дар як ҷаласаи ҳизби ҳокими "Нур Отан" аз президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тавсиф кард.

XS
SM
MD
LG