Ссылки доступа

Вазорати фарҳанги Қирғизистон мехоҳад, қонуни ҳимоят аз маълумоти дуруғ тағйир дода шавад


Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба қонуни ин кишвар "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти нодуруст (бардурӯғ)" тағйирот ворид карда шавад.

Ба иддаои масъулони вазорат, дар қонуни амалкунанда "камбудиҳо дида мешавад, ки дар иҷрои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ монеа эҷод менамоянд". Ташаббускорони тағйири қонун бар ин назаранд, ки даъвогар бояд далелҳо дар бораи туҳматеро, ки аз ҷониби расонаҳо, ташкилот ё шахсони алоҳида шудааст, пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, дар ҳуҷҷат нишон дода нашудааст, ки чи гуна аризадиҳанда бояд далелҳои маълумоти бардурӯғро пешниҳод кунад.

Қонуни амалкунандаии Қирғизистон "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти нодуруст (бардурӯғ)" тобистони соли 2021 қабул шуд. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов онро 23 августи он сол имзо кард. Тибқи он, ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон метавонад бидуни қарори додгоҳ ҳама сомонаҳоеро, ки ба назари даъвогар маълумоти нодуруст нашр кардаанд, банданд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон моҳи феврали имсол муқаррароти иҷрои ин қонунро таҳия кард. Бар асоси он, Вазорати рушди рақамии Қирғизистон шикоятҳо дар бораи нашри маълумоти дуруғро қабул, баррасӣ ва сомонаҳоро муваққатан хоҳад баст.

XS
SM
MD
LG