Ссылки доступа

Як кумитаи порлумони Қирғизистон тарҳи созишномаи марзӣ бо Узбекистон қабул кард


Кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон тарҳи тасдиқи созишнома дар бораи муайянсозии қитъаҳои алоҳидаи марзиро бо Узбекистон қабул кард.

Ин кумита ҳамчунин тарҳи созишнома дар бораи мудирияти муштараки оби обанбори Кампирободро тасдиқ кард.

Акнун ин санадҳо барои баррасӣ ба муҳокимаи порлумон ирсол мешаванд.

Пеш аз раъйдиҳӣ дар кумитаи мазкур аъзои ин кумита, вакилони порлумони Қирғизистон - Адахон Мадумаров, Нуржигит Қодирбеков, Чингиз Айдарбеков ва Нилуфар Олиҷонов ҷаласаро тарк карданд.

Мадумаров гуфт, вай ва дигар вакилон ба хотири он ҷаласаро тарк карданд, ки барои раъйдиҳӣ кворум ташкил нашавад.

Дар Кумитаи умури байналхалқии порлумони Қирғизистон гуфтанд, барои раъйдиҳӣ кворум - теъдоди кофии вакилон - ташкил шудааст. Вакилони дигари кумитаи мазкур аз тарҳи созишнома ҷонибдорӣ кардаанд.

Созишномаи аломатгузории қитъаҳои алоҳидаи марзи Қирғизистон бо Узбекистон ва созишномаи мудирияти муштараки обанбори Кампирободро вазирони корҳои хориҷии ду кишвар рӯзи 3 ноябр имзо карданд.

Ахиран порлумони Узбекистон низ ин ду санадро тасдиқ кард.

Мухолифон ва сиёсатмадорони алоҳидаи Қирғизистон зидди мудирияти муштараки обанбори Кампиробод ҳастанд.

XS
SM
MD
LG