Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зидди додани як чашма ба Узбекистон эътироз карданд


Сокинони деҳаи "Чечма"-и ноҳияи Қадамҷойи Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, 15 ноябр ба нишони эътироз дар назди чашмаи деҳа ҷамъ шуданд.

Онҳо ба хабарҳо дар бораи он ки гӯиё тибқи созишномаи ахири Тошканд ва Бишкек, чашмаи деҳаи мазкур ба Узбекистон дода мешавад, эътироз карданд.

Яке аз эътирозгарон ва раиси маҷлиси маҳаллӣ Содиқ Саломов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, хабарҳои додани чашмаи мазкур ба Узбекистон дар ҳоле нашр мешаванд, ки он дар замини баҳсӣ қарор надорад.

"Ин замини мо аст. Сокинони ҳамсоякишвар аз оби чашма истифода мекунанд ва мо ҳеч гоҳ аз онҳо пул напурсидаем. Вакилони порлумони Қирғизистон набояд ба хотири манфиатҳои худ кор кунанд. Онҳо бояд фаҳманд, ки фардо дар пеши мардум ҷавоб хоҳанд дод. Мо онҳоро на барои хариду фурӯши замин, балки барои он интихоб кардем, ки аз манфиатҳоямон ҳимоят кунанд", - изҳор дошт ӯ.

Эътирозгарон аз президент Содир Ҷабборов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев ва вакилони порлумони Қирғизистон даъват карданд, ки қарорҳои дуруст қабул кунанд.

Вазирони умури хориҷии Узбекистон ва Қирғизистон 3 ноябр дар шаҳри Бишкек созишномаеро дар бораи таъйини баъзе аз минтақаҳои баҳсии марзӣ ва истифодаи муштараки обанбори Кампиробод имзо карданд.

XS
SM
MD
LG