Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон хост, Оразойим Норматова дар ҳабс бимонад


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳукми ҳабси пешакии Орозойим Норматова, фаъоли иҷтимоӣ ва узви ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро, ки дар "даъвати оммавӣ ба ғасби ҳукумат" гумонбар мешавад, бетағйир гузошт.

Норматова бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек то 20 декабри соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Расонаҳо навишта буданд, ки Орозойим Норматова субҳи 10 сентябри имсол дар фурдугоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, Норматова чанд соли охир дар Русия муҳоҷир аст ва бо аъзои ҳаракатҳои мухталиф дар Русия маҷлису ҷамъомадҳо ташкил мекунад.

Чанд рӯзи пеш Норматова барои иштирок дар маъракаи дафни хешовандонаш аз Русия ба Қирғизистон омада буд. Субҳи он рӯз ӯ тасмим дошт, аз шаҳри Ӯш ба Русия парвоз кунад.

Норматова мақомоти Қирғизистонро интиқод мекард. Вай узви кумитаи ҳифзи Кампиробод аст. Бархе аз аъзои ин кумитаро пештар дар Қирғизистон дастгир карда буданд. Ҳамаи онҳо дар омодагӣ ба ошӯб айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG