Ссылки доступа

Кулоҳҳои сарбозони Қазоқистонро мефурӯшанд? Вазорати мудофиа гуфт, "аз анборҳо дуздӣ нашудааст"


Вазорати мудофиаи Қазоқистон навореро шарҳ дод, ки дар он дида мешавад, кулоҳҳои низомиро ба нуқтаи қабули оҳанпора месупоранд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе дар бораи супоридани кулоҳҳои низомӣ дар нуқтаи қабули оҳанпора чарх мезанад. Хабар медиҳем, ки ин кулоҳҳо ба вазорати мудофиа тааллуқ надоранд. Вазорат тафтиш анҷом дод, далели дуздӣ ва гум шудани молҳои неруҳои мудофиаи Қазоқистон ошкор нашудааст", - омадааст дар хабарномаи вазорати мудофиаи он кишвар.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, гуфта мешавад, ки кулоҳҳо ба нуқтаи қабули оҳанпора дар шаҳри Чимкент супорида шудаанд. Муаллифи навор ба вазорати мудофиаи Қазоқистон муроҷиат мекунад.

XS
SM
MD
LG