Ссылки доступа

Қазоқистон 4,2%-и саҳмияҳои БАР-ро хариданист


Вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубоев рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти Сенати порлумон гуфт, Остона эҳтимол аст, 4,2 дарсади саҳмияҳои Бонки авруосиёии рушд (БАР)-ро ба даст орад.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо идома доранд ва пардохти пули саҳмияҳо қисман анҷом дода мешаванд. Аз буҷаи давлати Қазоқистон солона ҳудуди ҳафт миллиард танга барои он ҷудо карда мешавад. Маблағи умумии созишнома метавонад аз 25 то 30 миллиард тангаро ташкил диҳад.

Хабаргузории "Bloomberg" моҳи августи имсол бо такя ба манобеи худ гуфт, Русия, ки 67,97 дарсади саҳмияҳои Бонки авруосиёии рушдро дар ихтиёр дорад, эҳтимол аст, ба хотири таҳти таҳрим қарор нагирифтани бонк аз мавқеи саҳоми асосӣ будани худ даст кашад.

Манбаъҳои хабаргузорӣ гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, Русия як қисми саҳмияҳои бонкро ба Белорус фурӯшад.

XS
SM
MD
LG