Ссылки доступа

Як гумонбарро дар шуъбаи пулиси Қирғизистон латтукӯб кардаанд


Кормандони Маркази миллии пешгирӣ аз шиканҷа дар Қирғизистон мегӯянд, марди гумонбар дар таҷовуз ва куштори як духтарак дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Ҷалолободи ин кишвар шиканҷа шудааст.

Ба иттилои марказ, кормандони шуъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ ин мардро шадидан латтукӯб кардаанд, ки дар бадани ӯ асарҳои зиёди шиканҷа мавҷуд аст.

"Дар чеҳра ва бадани ӯ осори латукӯби зиёд дида мешуд. Ба гуфтаи гумонбар, ӯро рӯзи 10 ноябр ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда, бозпурсӣ кардаанд ва вай куштори духтарро ба гардан гирифтааст. Сипас ӯро барои иқрор шудан ба анҷоми ҷиноятҳои дигар 2 рӯз лату кӯб кардаанд", - афзудааст манбаъ.

Дар шуъбаи пулиси маҳаллӣ нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Ба гуфтаи кормандони марказ, наздикону пайвандони қурбонӣ ба дохили боздоштгоҳ даромада, ба кори онҳо монеа эҷод кардаанд.

Бино ба омори расмӣ, аз соли 2012 то соли гузашта 18 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар шиканҷаи гумонбарон айбдор дониста шудаанд.

XS
SM
MD
LG