Ссылки доступа

Дар Узбекистон хонае бунёд шудааст, ки худро бо барқ таъмин мекунад


Хонаеро дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканди Узбекистон бунёд кардаанд, ки худро пурра бо неруи барқ таъмин мекунад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати энергетикаи Узбекистон, маросими ба истифода додани ин хона, ки дар доираи як лоиҳаи Барномаҳои рушди СММ бунёд карда шудааст, 17 ноябр баргузор гашт.

Дар хонаи мазкур батареяҳои офтобӣ бо иқтидори 15 кВт/соат насб шудааст ва ин имкон медиҳад, худро пурра бо барқ таъмин кунад. Хона ҳамчунин худро бо оби гарм ҳам таъмин месозад.

Манбаъ афзудааст, ки соҳиби хона имкон дорад, барқи зиёдатии худро ба шабакаҳои барқи маҳаллӣ фурӯшад.

XS
SM
MD
LG