Ссылки доступа

Мирзиёев бо даъвати Макрон ба Порис меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21 ноябр бо даъвати ҳамтои фаронсавии худ Эммануэл Макрон ба шаҳри Порис меравад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷараёни сафар раҳбарони ду кишвар бо ҳам дидору гуфтугӯ карда, чорабиниҳои тиҷоратӣ бо иштироки раҳбарони ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи он кишвар дар назар аст.

Қарор аст, ҷонибҳо чанд санади ҳамкорӣ ҳам имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG