Ссылки доступа

HRW ҳукумати Қирғизистонро барои тарҳи пешниҳодияш танқид кард


Созмони Дидбони Ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз ҳукумати Қирғизистон хостааст, тарҳи қонунро дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ бозпас бигиранд. Тарҳро дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон таҳия ва пешниҳод кардааст.

Дидбони Ҳуқуқи башар дар баёнияе гуфт, тарҳ дар мавриди сабтином ва кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҳдудиятҳоеро дар назар дорад ва мояи нигаронист.

«Қирғизистон бо ҷомеаи фаъоли шаҳрвандияш маъруф аст ва эҳтироми боло дорад. Ҳукумати Қирғизистон бояд аз нақшаи маҳдуд кардани фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ даст бардорад ва ба ҷойи он масъулиятҳои байнулмилалии худро дар мавриди ҳимоят аз озодии иттиҳодияҳо иҷро кунад,» -- гуфт Сйинат Султоналиева, пажӯҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Созмон ҳамчунин таъкид кардааст, ки «пешниҳоди тарҳ дар пасманзари бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон сурат мегирад.»

Дар ҳамин ҳол, Омбудсмени Қирғизистон барои гирифтани хулосаи ҳуқуқӣ дар бораи лоиҳа ба САҲА ва Кумсиюни Аврупо муроҷиат кардааст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Қирғизистон лоиҳаи пешниҳодиро «хилофи Конститутсия» ва «беасос» номида.

Дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон дар аввали моҳи ноябри имсол тарҳи қонунро дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба баррасии умум гузошт. Тибқи ин санад, дар назар аст, ибораи “созмони ғайриҳукуматии хориҷӣ” дар Қирғизистон ҷорӣ шуда, салоҳияти давлат барои назорат бар созмонҳо бештар гардад.

XS
SM
MD
LG