Ссылки доступа

Сенати Узбекистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард


Сенати ё табақаи болоии порлумони Узбекистон Созишнома байни Қирғизистон ва Узбекистонро дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзӣ ва Созишнома миёни ҳукуматҳои ду кишварро дар мавриди мудирияти муштараки обанбори Кампиробод тасвиб кард.

Ҳамаи 100 вакили палатаи болоии порлумони Узбекистон аз ин санадҳо ҷонибдорӣ карданд.

Равшанбек Олимов, раиси кумитаи масоили муносибатҳои байналхалқӣ, робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузории хориҷӣ ва сайёҳии Узбекистон ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, ки обанбори Кампиробод барои Узбекистон иншооти стратегӣ ба ҳисоб меравад ва созишномаи марз дар баҳси байни Узбекистону Қирғизистон нуқта мегузорад.

Табақаи поёнии порлумони Узбекистон ин санадҳоро рӯзи 14 ноябр тасвиб карда буд.

Порлумони Қирғизистон низ рӯзи 17 ноябр санадҳои мазкурро қабул кард. Дар порлумони Қирғизистон 64 вакил ба ҷонибдорӣ ва 19 вакил зидди санадҳо раъй доданд.

Дар Қирғизистон бархе аз мухолифони ин санадҳоро бо гумони "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG