Ссылки доступа

Дар оташсӯзие дар маркази Москва як шаҳрванди Тоҷикистон фавтид


Аз зери боқимондаҳои бинои оташгирифта дар маркази шаҳри Москва ҷасади 7 тан, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро берун оварданд. Дар ин бора дар хадамоти фаврии Русия хабар доданд.

Рӯзи якшанбе дар бинои хиштини дуошёна дар маркази Москва оташсӯзӣ рух дод. Дар он бино мағозаи ҷевонҳо, асбобҳои барқӣ ва анбори мағозаи гулҳо ҷойгир буд. Майдони умумии оташсӯзӣ 2500 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Ба иттилои расонаҳо, миёни фавтидаҳо 6 шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст. Мақомоти Русия дар пайи ин оташсӯзӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.


XS
SM
MD
LG